Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Январь 8, 2013 11:13

Таркиш дар Ҷизреи ТуркияДушанбе, 08 январ. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти шабакаи интернетии «Hamshahri news.ir» бар асари як таркиши шадид дар қисми ҷанубу шарқии шаҳри Ҷизреи Туркия 3 донишҷў ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷрўҳ ва дар беморхонаҳои наздики шаҳр бистарӣ гардиданд. Тибқи иттилои расида, шахси номаълуми ниқобпўш таҷҳизоти таркандаро дар дохили муассисаи таълимӣ ба кор дароварда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Алҳол дар ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт тафтишот мебаранд. Сӯхтор дар Женвилйеи Фаронса Душанбе, 08 январ. (АМИТ «Ховар»).-Дар натиҷаи сўхтор дар наздикии шаҳри Женвилйеи Фаронса 5 кас ҷон бохта, 18 нафари дигар захмӣ шудааст. Тавре ки дар торномаи интернетии rbc.ru навишта шудааст, оташ дар дохили бинои шашошёна аланга гирифта, дар як муддати кўтоҳ биноро саросар фаро печид ва ба иморатҳои ҳамшафат доман паҳн кард. Расонаҳои хабарии кишвар мегӯянд, ки оташнишонон барои фурў нишондани сўхтор 2 соат мубориза бурда, сокинонро аз оташи марг халос намудаанд. Барои муайян намудани сабабҳои аслии сар задани сўхтор комиссияи махсус таъсис дода, тафтишот мебаранд. Фирори зиндониён аз маҳбаси Перуи Лима Душанбе, 08 январ. (АМИТ «Ховар»).- Ба гуфти расонаи хабарии «Kayhan news.ir» ҳафтаи равон аз маҳбаси пойтахти Перу- шаҳри Лима 13 зиндонӣ фирор кардааст. Гуфта мешавад, ки маҳбусон ба тазоҳуроту исён иқдом намуда, бо сўиистифода аз вазъияти ноором аз зиндон гурехтаанд. Мувофиқи иттилои сардори раёсати гуруҳи фаврии Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳамаи маҳбусони фирорӣ наврасону ҷавонон мебошанд. Дар миёни онҳо чанд тан маҳбуси махсусан хавфнок низ ҳаст. Бояд қайд намуд,ки яке аз зиндониёни рў ба гурез ниҳода дар пайи содир кардани 10 ҷинояти куштор маҳкум шуда буд. Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии кишвар низ амалиёти таъқибу боздошти фирориён аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ оғоз гардидааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Январь 8, 2013 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад