Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Январь 10, 2013 09:51

Бекорӣ дар ИМА меафзоядДушанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар»).-Ҳазорҳо нафар сокинон дар кўчаҳои марказии штати Каролинаи шимолии ИМА ҷамъ омада, норозигии хешро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи ҳукуматдорон баён доштанд. Ба гуфти сардори раёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Вазорати меҳнат тазоҳуротгарон аз роҳбарони баландпояи кишвар талаб доранд,ки ҳарчи зудтар музди меҳнат ва нафақа баланд бардошта шуда ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳимоя шаванд, чунки маоши имрӯза басанда нест. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, ки дар ширкату корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ шароити мусоиди кориро фароҳам созанд. Ба маълумоти оморӣ рӯз аз рўз сафи бекорон дар Амрико афзуда, корхонаҳои азими он аз фаъолият бозмонда, кормандони худро ихтисор менамоянд. Боло рафтани нарх дар Британияи Кабир Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумоти Би-Би-Си аз моҳи июли соли равон то инҷониб фурўши молу маҳсулоти чакана дар Британияи Кабир 0,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ҳоле, ки коршиносон танҳо 0,1 дарсадро пешгўӣ мекарданд. Бояд қайд кард,ки як моҳ қабл фурўши молу маҳсулоти чакана дар ин кишвар 0,8 дарсад боло рафтааст. Дар маҷмуъ моҳи июл дар тамоми соҳаҳо 2,8 дарсад афзоиш ба қайд гирифта шуда, ин боиси нигаронии мардуми ин кишвар шудааст. Коршиносони мамлакат ин пешравиро дар коҳиши арзиши молу маҳсулот мебинанд. Ба гуфти сардори раёсати савдо ва саноати ҷумҳурӣ ҳарчанд буҳрони молии шадид дар Аврупо идома дорад, ҳукуматдорон кўшиш менамоянд, ки дар чунин шароити душвор барои сокинон сабукиҳо муҳайё созанд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Январь 10, 2013 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад