Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Боришоти зиёд дар Юнан Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки дар торномаи шабакаи интернетии www.itar-tass.com омадааст, дар минтақаи Юнани Ҷумҳурии Мардумии Чин аз сабаби боришоти зиёди борону барфи пай дар пай чанд манзили зист пурра хароб гардид. Аҳолии минтақаро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд. Ба гуфти роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар минтақаҳое, ки дар ҳалқаи офати табиӣ қарор доранд, хисороти зиёд дида, роҳҳои мошингард ва хатҳои барқ низ аз фаъолият бозмондаанд. Мувофиқи маълумоти ҳавошиносони кишвар дар натиҷаи боришоти шабонарўзӣ сатҳи оби рўди Йензи то як метр боло рафта, лағжиши қитъаи замин ба амал омада буд. Аз сабаби номусоидии вазъи ҳаво дар аксари хатсайрҳо парвози тайёраҳо ба вақти дигар мавқуф гузошта шудааст. Мутахассиони ҳавошинос хабар медиҳанд, ки чунин ҳавои номусоид чанд рўзи дигар боқӣ хоҳад монд.Таркиши сахт дар Ироқ Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази Ироқ- шаҳри Бағдод бар асари як таркиши сахт 6 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд. Тавре ки дар шабакаи www.Hamshahri.com омадааст, дар вақти ҳодиса кормандони мақомоти қудратӣ ҳозир шуда, беморонро ба беморхонаи марказӣ бурдаанд. Табибон вазъи саломатии чанде аз захмиёнро вазнин арзёбӣ мекунанд. Ба гуфти роҳбари Сарраёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии кишвар як шахси номаълум чанд муддат қабл дар дохили мошини мусофиркаш таҷҳизоти таркандаро насб намуда, онро тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ ба кор даровардааст. Дар айни ҳол тамоми кормандони сохторҳои қудратӣ дар макони ҳодиса фаъолият дошта, сабабҳои асосии таркишро муайян менамоянд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






