Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Январь 17, 2013 17:37

Куштор дар Покистон   Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар»).-Дар яке аз минтақаҳои кeҳистони вилояти Хайбари Покистон низомиёни нерўҳои амниятии ин мамлакат мавриди ҳамлаи силоҳбадастон қарор гирифтаанд. Тавре ки расонаҳои хабарии кишвар мегӯянд, дар ин ҳодиса 6 нафар низомии нерўҳои амниятӣ ба ҳалокат расида, 5 каси дигар захмҳои гуногун бардоштанд ва аз ҷониби гуруҳи фаврии Вазорати корҳои дохилӣ ба беморхонаи ҳарбии кишвар интиқол дода шуд. Кормандони соҳаи тибб вазъи саломатии ду нафар маҷруҳро вазнин арзёбӣ мекунанд. Намояндагони сохторҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷинояткоронеро, ки дар ин амалиёти зишт даст доштанд, мавриди ҷустуҷў қарор додаанд.Задухўрд байни низомиёни Амрико ва Афғонистон Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои шабакаи «Ал-ҷазира»-и давлати Қатар ҳафтаи равон дар вилояти Фароҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як гуруҳ хизматчиёни неруҳои амниятии Афғонистон ба сўйи низомиёни Амрико оташ кушоданд. Дар ҳодиса 2 кас ҳалок шуда, 4 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар байни халокшудагон низомиёни Италия низ будаанд. Намояндагони ҳаракати чудоихоҳи «Толибон» изҳор доштаанд, ки пас аз анҷоми тирпарронӣ 3 нафар аз низомиёни афғон, ки дар ин амал даст доштаанд, ба гуруҳи Толибон пайвастаанд. Дар давоми соли 2012 бар асари задухўрд ва муноқишаҳои байни низомиёни Амрико ва хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 45 нафар низомии Амрико ба ҳалокат расидааст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Январь 17, 2013 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд