Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Дастгирии қаллобон дар Олмон Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи итилои шабакаи интернетии «farsnews.ir дар Олмон кормандони мақомоти полис ҷинояткоронеро, ки аз тарики роҳи зеризаминӣ вориди бонк гардида буданд, дастгир намуданд.Бояд гуфт,ки қаллобон яке аз бонкҳои марказии шаҳри Берлинро мавриди ҳадаф қарор дода, маблағи зиёдро рабудаанд.Мувофиқи маълумоти мақомоти полиси кишвар ҷинояткорон барои анҷом додани ин амали худ муддати тўлонӣ омодагӣ гирифтанд.Дарозии роҳи зеризаминие, ки ҷинояткорон аз тариқи он вориди бинои бонк гардидаанд, 30 метрро дар бар мегирад. Ин амали қаллобон ҳангоме ошкор шуд, ки дар баромадгоҳи роҳи зеризаминӣ сўхтор ба амал омад ва сокинони маҳаллӣ дар ин бора ба Хадамоти оташнишонӣ хабар доданд. Чинро туман фаро гирифтааст Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар»).- Фазои қисми шимолии Ҷумҳурии Мардумии Чинро қабати ғафси туман фаро гирифтааст.Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии дохили кишвар дуду партовҳои корхонаҳои саноатӣ ба туман омехта гардида, муҳити зистро халалдор менамояд.Чунин ҳолат дар пойтахти мамлакат шаҳри Пекин ва минтақаҳои наздишаҳрӣ бештар ба назар мерасад.Ба ақидаи мутахассисони соҳаи экологӣ ва кормандони соҳаи тибб омезиши партовҳои истеҳсолот, газу туман баробари зарар овардан ба муҳити зист, ҳамчунин ба саломатии инсон хатар эҷод менамояд.Ҳукуматдорон аз сокинони мамлакат хоҳиш намуданд, ки бе зарурат манзилҳои зисти худро тарк накунанд ва бо худ ниқобҳои зарурӣ гиранд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






