Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Садамаи нақлётӣ дар Миср Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар Миср бар асари садамаи қатораи мусофиркаш 40 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 100 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик интиқол дода шуд. Ба гуфти расонаҳои хабарии дохили кишвар ҳодиса дар наздикии шаҳри Қоҳира рух додааст. Бояд гуфт, ки дар дохили қатора якуним ҳазор нафар даъватшудагони хизмати ҳарбӣ қарор доштанд ва он ҷониби яке аз пойгоҳҳои низомӣ ҳаракат мекард. Дар ҷои ҳодиса кормандони мақомоти марбутаи мамлакат фаъолият дошта, сабабҳои садамаро муайян менамоянд. Табибон иброз медоранд, ки шумораи ҳалокшудагони ин ҳодиса эҳтимол афзоиш ёбад, зеро чанд тан аз ҷароҳатбардоштагон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Рақобати ширкати соатҳои дастии Швейтсария Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар»).- Ширкати машҳури истеҳсолкунандаи соатҳои дастии «Свотч групп»-и Швейтсария тасмим дорад, ки хонаи ҷавоҳироти «Ҳарри Винстон»-ро бо маблағи 750 милион доллар харидорӣ намояд. Тавре ки хабарнигорони кишвар мегӯянд, дар васфи асосгузори ин хонаи ҷавоҳирот- ҳунарманди машҳури амрикоӣ Мерелин Монро суруде сароида, нуфузи онро баланд бардошта буд. Баъди ба даст овардани хонаи ҷавоҳироти «Ҳарри Винстон» ширкати Свотч имкон пайдо мекунад, ки дар бозори ҷавоҳирот мавқеи худро ёбад. Тахмин меравад, ки ў дар баробари ширкати бузурги ҷавоҳирот «Картйе» дар оянда рақобат нишон диҳад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






