Чаро ҳаҷми боркашонии роҳи оҳан коҳиш ёфтааст?

Январь 22, 2013 15:59

Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар соли 2012 ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 8 млн. 410 ҳазор тоннаро ташкил дод, иттилоъ доданд дар нишасти матбуотии «Роҳи оҳани Тоҷикистон».Зикр гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 847 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2009 6 млн. 136 ҳазор тонна кам мебошад. Агар солҳои пеш дар ҳаҷми умумии боркашонӣ саҳми боркашонии транзитӣ зиёд буд, аллакай дар соли гузашта миқдори боркашонии воридотию содиротӣ бештар гаштааст, ки сабаби кам шудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ баста будани роҳи оҳани Ӯзбекистон мебошад. Боркашонии транзитӣ дар соли сипаришуда 2 млн. 961 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 941 ҳазор тонна ва соли 2009 6 млн. 67 ҳазор тонна ва ё 67,2% кам шудааст.

Январь 22, 2013 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд