Cоли 2013- соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об

Январь 9, 2013 11:13

Душанбе, 9 январ (АМИТ «Ховар»).- 21 декабри 2012 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро, ки «Татбиқи соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» унвон дорад, бо иттифоқи оро қабул кард. Қатънома аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дар СММ дар чаҳорчӯби банди 20-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд. Cоли оянда ҷомеаи байналмилалӣ тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки муаллифи он низ Тоҷикистон аст, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро қайд хоҳад намуд. Бори нахуст пешниҳод дар бораи эълони «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми V ҷаҳонии об, ки моҳи марти соли 2009 дар Истанбул баргузор шуда буд, садо дод. Ба рӯйхати ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур 48 кишвар, ки қитъаҳои гуногуни ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд, ҳамроҳ шуданд, аз ҷумла Австралия, Арманистон, Афғонистон, Африкаи Ҷанубӣ, Баҳрайн, Бангладеш, Беларус, Бенин, Ветнам, Гайана, Гурҷистон, Ҷумҳурии Доминикан, Ироқ, Эрон, Русия ва ғайра. Мувофиқи қатъномаи мазкур соли 2013 ду ҳамоиши муҳими зерин дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор хоҳад шуд: Муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк (22 март) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе (август). Дар қатънома инчунин аз Дабири кулли СММ даъват ба амал омадааст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳоди «СММ-Об» ва дигар муассисаҳои дахлдори СММ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ татбиқ кардани «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» мусоидат намояд. Бо иттифоқи оро қабул гардидани қатънома бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳаммияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд.

Январь 9, 2013 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд