Дар Ҳисор майл ба варзиш зиёд аст
Ҳисор, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Бо мақсади натиҷагирӣ аз ҷамъбасти соли сипаригардида дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов дар бораи натиҷаҳои соли 2012 маълумоти зарурӣ дода гуфт, ки кулли сокинони ноҳия барои бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни се ҳазор солагии Ҳисор кӯшиш доранд. Ба ин муносибат дар ҳудуди ноҳия як қатор иншооти ҷашнӣ сохта хоҳад шуд, ки санги асоси як қисми онҳо бо ширкати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.Дар бисёр деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ба монанди деҳаҳои Лойоб, Хирманак, Хонақоҳ, Чангоб, Шоҳамбарӣ, шаҳраки Шарора, Ҷавонӣ майдончаҳои варзишии волейбол, баскетбол, футбол ва дигар иншооти варзишӣ дар муддати ду соли охир ба истифода дода шуданд. Инчунин варзишгоҳи марказии ноҳия барои 2 ҳазору 500 ҷои нишаст навсозӣ карда шуд. Махсусан бо иқдому дастгирии соҳибкорон ва сокинони деҳаи Тӯдаи ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо як маҷмааи зебою замонавии варзишӣ бо толорҳои гӯштингирӣ, майдончаҳои волейбол, баскетбол, майдонҳои футбол ва аспдавонӣ дари худро ба рӯи наврасону ҷавонон боз намуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






