Дар Суғд 120 корхона бунёд мешавад
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни гузориши худ дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат 15 январ зикр намуд, ки соли 2013 тибқи нақшаҳои пешакӣ дар қаламрави вилоят 120 корхонаи хурди истеҳсолӣ бо 4455 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор мегирад.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар давоми соли 2012 дар қаламрави вилоят 102 коргоҳи хурду миёна мавриди истифода қарор гирифта, беш аз 3 900 ҷойи корӣ ташкил гардид.Ёдовар мешавем, ки соли 2012 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 3666848,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Дар соли 2012 аз 288 корхонаи саноатӣ 218 ё 75,7 фоизаш дар истеҳсоли маҳсулот ба сатҳи соли 2011 расиданд, аммо 69 корхона аз дараҷаи соли 2011 кам маҳсулот баровардааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






