Дар Тоҷикистон муҳлати адои маҳрумӣ аз озодӣ кам мешавад?
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Ба иттилои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар назар аст ба наздикӣ Кодекси ҷиноии кишвар дар таҳрири нав қабул гардад. Ин дар ҳолест, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар тасмим дорад, то пешниҳодҳои худро дар самти кам кардани муҳлати адои ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ироа намояд. Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод карданист, ки барои ҷиноятҳои сабуктар ба ҷои маҳрумият аз озодӣ ҷарима ситонида шавад.Маврид ба зикр аст, ки танҳо дар соли 2012 1689 нафар шаҳрванд ба тариқи хаттиву шифоҳӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






