Дар Восеъ ҳолати роҳҳо хуб аст
Кӯлоб, 8 январ.(АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бориши барфи зиёд дар соли ҷорӣ ба кормандони муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои минтақаи Кӯлоб мушкилии гарон пеш наовард, зеро кормандони муассисаҳои нигаҳдории роҳҳои шаҳру ноҳияи Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ аз оғози сол барои зимистонгузаронӣ омодагии хуб диданд. Ҳамасола дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб бар асари боридани ҳамин миқдор барф ҳаракати нақлиёт қатъ мегардид, вале имсол роҳсозон ин монеаро бартараф сохтанд. Тамоми техника ва кормандони Муассисаи нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Восеъ дар шоҳроҳ ва дигар роҳҳои дар тавозунашон буда фаъолият карда, ҳаракати мунтазами нақлиётро таъмин намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






