Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 27 кило маводи нашъаовар

Январь 3, 2013 10:06

Душанбе, 3 январ.(АМИТ « Ховар »,Фарзона Достонзода ).-22 килою 738 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш аз ҷониби кормандони РВКД дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дарёфт ва мусодира шуд.  Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ дод, хангоми кофтуков сокини шаҳри Норак, корманди СКС КДАМ ҶТ дар ноҳияи Исфара И. Некқадамови 30- сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуда, аз ӯ ба миқдори 22 килою 738 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Конибодом шаҳрванд Раҳим Қурбонов, соли таваллудаш 1962, сокини кӯчаи Аттории шаҳри Конибодом, ки пештар бо моддаи 347 КҶ ҶТ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. Ҳангоми тафтиши мошини шахсии Р. Қурбонов (тамғаи «Ауди», рақами давлатиаш 24-44 РТ 02), аз дохили бордони мошин 5 адад бастаи селофанӣ ва 1 адад халтаи селофанӣ, ки дар дохилашон 3 килою 701 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш ва 858 грамм бангдона буд, дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Январь 3, 2013 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад