Дарёфти маводи нашъадор аз «Камаз»
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе мошини тамғаи «Камаз», таҳти идораи ронанда Мубинҷон Ахмедови 43- сола, сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд боздошт гардид, ки ҳангоми кофтукови мошин 14 килою 700 грамм маводи нашъадори афюн ва 14 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз МВД иттилоъ доданд, дар маҷмуъ вазни умумии маводи нашъадор 28 килою 700 граммро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин ҷиноят ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрвандон Бадриддин Қаландаров, сокини ноҳияи Шаҳринав, пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, Сафаралӣ Ҳафизов, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ, пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст ва Шоҳин Нозимов, сокини кӯчаи Назаршоеви пойтахт дастгир шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






