Дастгоҳи иҷроияи ҲХДТ кормандонашро месанҷад
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санҷиши кормандони масъули дастгоҳ ва ҳайати эҷодии нашрияи «Минбари халқ» доир шуд. Тавре ки роҳбари маркази таблиғот ва таҳлили ҳизб Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод, санҷиши мазкур аз ҷониби комиссияи босалоҳият гузаронида шуда, ҳадаф аз он санҷидани саводнокии кормандон ва сафарбар намудани онҳо ба омӯзиши падидаҳои сиёсию иҷтимоӣ буда, баъди муваффақона супоридани он бо кормандони шартномаи меҳнатӣ аз нав ба имзо расид. Бояд тазаккур дод, ки дар айни ҳол Дастгоҳи иҷроияи ҲХДТ аз Маркази таблиғот ва таҳлилии шуъбаи ташкилӣ, шуъбаи кор бо занон, шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ, шуъбаи ҳуқуқ, шуъбаи иттилоот ва матбуот, шуъбаи умумӣ, бахши оморӣ ва бақайдгирӣ, шуъбаи молия, нашрияи «Минбари халқ» ва ҷиноҳи ҷавонони ҳизб «Созандагони Ватан» иборат буда, зиёда аз 40 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






