Даъвати ҷавонон ба хештаншиносию ватандӯстӣ
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дирӯз дар доираи чорабиниҳое, ки ба 20- солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд, дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа вохӯрии масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёни муассисаи мазкур доир гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ муовини раиси кумита Мавсума Муинова ва масъули бахши ватанпарастӣ Иброҳим Мирзоев ширкат варзида, доир ба масоили мухталифи марбут ба самти ватанпарастӣ сухан гуфта, таъкид карданд, ки ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии насли ҷавон аст, зеро рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеаи мо аз ҷавонони бомаърифат ва хештаншиносу ватандӯст вобастагӣ дорад.Ёдовар мешавем, ки масъулини кумита 29 январ бо афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ мулоқот мекунанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






