Дидори Сафири Тоҷикистон бо Михаил Спинеллис
Душанбе, 15 январ (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев Сафири Юнон дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар шаҳри Маскав) Михаил Спинеллисро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Дар оғози мулоқот дипломати юнонӣ табрикоти самимии кишварашро ба Тоҷикистон, ки ба тозагӣ узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) гардидааст, ироа намуд.Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масоили муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Юнон, аз ҷумла ҳамкориҳои судманд дар риштаҳои мухталиф баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстона таъкид намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






