Донишҷӯёни ятим аз пардохти шартнома озоданд?
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- -Донишҷӯёне, ки аз падару модар ятим мондаанд, аз супоридани шартнома озод мешаванд ва ба таҳсили ройгон ё буҷавӣ гузаронида мешаванд. Инчунин ба онҳо кӯмаки моддию маънавӣ низ расонида мешавад,-гуфт ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Ректор ҳамчунин дар мавриди шароити таҳсили донишҷӯён ва зимистонгузаронӣ гуфт, ки дар аудиторияҳо аз гармкунакҳои барқӣ истифода шуда, барои ҳалли ҳама гуна мушкилоти донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Гуфта шуд, ки тибқи муқаррароти Ҳукумат барои донишҷӯёни фаъол идрорпулӣ дода мешавад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






