Фаъолияти Иттифоқи ҷавононро мебояд ҷоннок кард
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Мулоқоти муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Кабирҷон Ҷӯраев бо мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олии кишвар баргузор гардидДар мулоқот Кабирҷон Ҷӯраев оид ба дастовардҳои ҷавонон ёдовар шуда, барои ҷоннок намудани фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба масъулин дастуру супориш дод. Мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо муваззаф гардиданд, ки дар факултаҳои муассисаҳояшон раисони Созмони ҷавононро таъйин намуда, аъзои Иттифоқро сарҷамъ намоянд, зеро Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ягона созмоне буд, ки ҷавононро сарҷамъ намуда, барои пойдории сулҳу ваҳдат ва ягонагии ҷавонон нақши муассир гузоштааст. Кабирҷон Ҷӯраев ҳамчунин таъкид кард, ки дар рӯзҳои наздик мулоқоти мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳо ва мудирони кор бо ҷавонони муассисаҳои таълимӣ бо раиси кумита Маликшо Неъматов доир мегардад, ки муҳтавояш ҷоннок намудани фаъолияти Иттифоқи ҷавонон дар қаламрави кишвар ва таҷлили Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






