Фарзин-беҳтарин бонкдори сол
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Директори филиали бонки «Эсхата» дар ноҳияи Ҷ. Расулов Фарзин Азимов бонкдори беҳтарини соли 2012 эътироф гардид. Ин зимни ҷамъомади кушоди фаъолони вилоят дар аввали моҳи январи соли 2013 муайян гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур хабар доданд, муовини Сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба бонкдори беҳтарини сол Дипломи фахрӣ, ҷом ва мукофоти пулиро ҳадя намуданд. Ёдовар мешавем, ки ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ дар вилоят озмуни «Мутахассиси беҳтарини сол» эълон гардида буд, ки дар он намояндагони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд иштирок намуданд. Ғолибони озмунро аз рӯи шумораи sms-хабарҳои фиристодашуда ва варақаҳои махсуси пуркардашуда интихоб намуданд. Ф. Азимов иброз дошт, ки ба ҷуз ин нишондиҳандаҳои молиявии бонк, ба мисли сумкаи қарзӣ, гузаронидани маблағҳо, миқдори фоизи қарзҳо ва депозитҳо, инчунин соҳаи иҷтимоӣ ба назар гирифта шуданд. Соли 2013 Фарзин Азимов директори филиали бонки «Эсхата» дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд таъйин гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






