Фавти нафари сеюм бар асари сӯхтор дар «Газойл Сити»
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар»).-То ин дам шахсияти 3 тан аз 9 нафар қурбонии сӯхтори таҳхонаи маҷмааи истиқоматии «Газойл Сити», воқеъ дар кӯчаи Херсони ҳавзаи маъмурии ҷанубу ғарбии Маскав маълум гардид. Тавре ки кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР дар ҷои ҳодиса муайян карданд, фавтидагон 2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон-Юсуфхон Давлатови 33- сола, сокини ноҳияи Муъминобод ва сокини 48- солаи шаҳри Кӯлоб Ҳасан Иброҳимов мебошанд. Нафари сеюм шаҳрванди 42-солаи Ӯзбекистон Гулмурод Холбоев будааст.Шахсияти боқӣ 6 нафари ҳалокгашта муайян нашудааст. Ҳамчунин 7 тани дигар, ки бар асари сӯхтор осеб диданд, дар беморхонаҳои клиникии ¹ 14 ва ба номи Склифасовскии шаҳр бистарӣ шуданд. Ба кормандони Намояндагӣ дар беморхонаи ба номи Склифасовскии Маскав таъйид карданд, ки миёни 4 нафар бистаришуда шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Ба гуфти масъули қабулгоҳи беморхонаи мазкур В.Столяров осебдидагон шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Арманистон мебошанд. Хотиррасон менамоем, ки сӯхтор нисфирӯзии 26 январ дар таҳхонаи маҷмааи навбунёди истиқоматии «Газойл Сити» ба амал омада, масоҳати бештар аз 500 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар ин бора котиби матбуотии Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР иттилоъ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






