Фирӯз Ёқубов-соҳиби медали тилло

Январь 3, 2013 15:50

Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Рўзҳои 27-28-уми декабри соли 2012 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин мусобиқаи байналмилалии гўштини тарзи озод миёни ҷавонон, барои пос доштани номи устоди варзиши Қазоқистон Кабден Байдосов баргузор гардид. Бинобар иттилои сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекисон, Русия ва Тоҷикистон дар ҳайати 350 нафар ширкат намуданд.  Чаҳор паҳлавони тоҷик аз гўшаҳои мухолифи Тоҷикистон ба майдон баромаданд ва миёни онҳо Фирӯз Ёқубов дар вазни 85 кг барандаи медали тилло гардид. Фирўз дар даври аввал озод буда, баъдан варзишгари қирғизро мағлуб намуд ва ҳамчунин дар даври севвум варзишгари мизбонро шикаст дод. Дар даври ниҳоӣ бо варзишгари Қазоқистон бо натиҷаи баланд дастболо гардида, барандаи зинаи ифтихорӣ шуд. Бояд тазаккур дод, ки Фирўз Ёқубов ҷоизадори Чемпионати Осиё (Таиланд-2011) ва ғолиби чандкаратаи мусобиқаҳои Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб меравад.

Январь 3, 2013 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд