Хайрхоҳӣ – хислати волои инсонӣ
Суғд, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дар арафаи соли нави мелодии 2013 намояндагони раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва фаъолон аз факултаи бизнес ва идораи ин даргоҳи маърифат ба осоишгоҳ – мактаб – интернати «Равшан» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омаданд. Дар ин муассисаи табобатию таълимӣ бештар аз 100 нафар кӯдаки ниёзманди табобат ва ятиму бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.Ҳунармандони донишгоҳ барои муҳассилини ин таълимгоҳ барномаҳои рангини адабию мусиқии идона, ҳамчунин ба маблағи беш аз 700 сомонӣ туҳфаҳои солинавӣ, китобчаҳои бадеӣ ва лавозимоти хониш ҳадя карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






