Халокати 3 нафар бар асари фаромадани тарма
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 13-уми январ дар минтақаи Рашт дар натиҷаи фаромадани тарма байни деҳаҳои Аскалон ва Шархо, сокини қишлоқи Шархо Муҳаммади Абдулло, соли таваллудаш 2000 ва сокини қишлоқи Ярхаб Файзулло Ҷамилов, соли таваллудаш 1992 зери тарма монда, ба ҳалокат мерасанд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ cоати 15.40 дақиқа аз тарафи ситоди ноҳияи Рашт бо ҳамроҳии дастаҳои наҷотдиҳии ихтиёрӣ ҷасади номбурдагон ёфт гардида, ба наздиконашон супорида шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, инчунин 11-уми январ дар километри 68-ум мошини тамғаи «Ҷип-Муссо» зери тарма монд, ки дар натиҷа як нафар шаҳрванди шахсияташ номаълум дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида 3 нафари дигар ба чуқурии 300 метр меафтанд. Бо кӯмаки наҷотдиҳандагони маркази наҷотдиҳии Кумита 3 нафар аз чуқурӣ бароварда шуда, наҷот ёфтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






