Хизматрасонӣ тавассути ширкатҳои ҳавопаймоӣ
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба 975, 4 ҳазор мусофир хизмат расонида шудааст, ки аз ин 422, 4 ҳазор мусофир ба ҶСК «Тоҷик Эйр», 500,2 ҳазор мусофир ба ҶДММ «Сомон Эйр» ва 52,8 ҳазор мусофир ба ҶСП «Ист Эйр» рост меояд,таъкид намуд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёт Низом Ҳакимов. Инчунин зикр гардид, ки ҳаҷми интиқоли бору почта тавассути нақлиёти ҳавоии ватанӣ 2395 тоннаро ташкил намуд, ки 1008 тоннаи он ба ҶСК «Тоҷик Эйр» , 1345, 5 тонна ба ҶДММ «Сомон Эйр» ва 41, 5 тонна ба ҶСП «Ист Эйр» мансуб мебошад. Бояд гуфт, ки соли сипаришуда фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба 2 млн. 233 ҳазору 780 мусофир хизмат расониданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






