Хоҳиш ҷиҳати мусоидат ба тоҷикистониён дар Сурия

Январь 22, 2013 14:22

Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар»).- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ медиҳад, ки ахиран мулоқоти вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои ИДМ дар Маскав баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев низ иштирок дошт.Ҳангоми мулоқот вазири корҳои хориҷии Русия, аз ҷумла иттилоъ дод, ки ахиран ду ҳавопаймои кишвараш ба Димишқ фиристода шудааст, то аз мавзеи муноқиша шаҳрвандони Русияро берун бароранд.Дар навбати худ, Сафири Тоҷикистон аз вазири корҳои хориҷии Русия хоҳиш кард, ки ба тоҷикистониёни муқими Сурия, дар ҳолати муроҷиати онҳо ба намояндагиҳои дипломатии Русия дар он кишвар, кӯмак намоянд.Ба ин мазмун, Сафорат бо ёддоште аз мақомоти расмии Федератсияи Русия хоҳиш намуд, то дар сурати муроҷиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқими Сурия ҳастанд, ба Сафорати Федератсияи Русия ва консулгариҳои он дар кишвари мазкур ёриву мусоидати худро расонанд.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Январь 22, 2013 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд