Хонаи истиқоматӣ — туҳфа ба афсарон

Январь 2, 2013 16:12

Душанбе, 2 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи Соли нави мелодии 2013 ва 20-солагии таъсиси Артиши миллӣ 44 нафар афсару прапоршики қисми низомии тобеи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизон ва комиссариатҳои ҳарбии вилояти Суғд дар шаҳри Истиқлол соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд. Маросими ба истифода додани бино барои хизматчиёни ҳарбӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев сурат гирифт. Шералӣ Хайруллоев хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳро, ки соҳиби туҳфаи арзанда шуданд, бо Соли наву хонаи нав таҳният гуфта, таъкид кард, ки ин бино бо дастури Президенти мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Вазорати мудофиа таъмиру навсозӣ шудааст.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қоҳир Расулзода икдоми мазкурро нишонаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат арзёбӣ карда, афзуд, ки сол то сол Ҳукумати мамлакат барои беҳбуди шароити хизматӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои амалӣ меандешад, зеро артиш сипари боэътимоди давлат ва асоси оромиву осудагии мардум мебошад.

Январь 2, 2013 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд