Ховалинг: Паррандагонро наҷот медиҳанд
Кӯлоб, 23 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Мувофиқи омори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат беш 385 намуди паррандагони нодир ва 572 намуди ҳайвоноти ваҳшӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо дар куҳистони ноҳияи Ховалинг зиндагӣ мекунанд. Аз сабаби зимистони сарди имсола бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои куҳистон вазифадор гардиданд, ки дар таъмини ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагони нодир бо дону кунҷора ва коҳу беда мусоидат намоянд. Норасоии воҳиди корӣ дар сохтори бахшҳо имкон намедиҳад, ки дар ҳама мавзеъҳои ноҳия барои паррандагону ҳайвонот дону кунҷора ва дигар намуди хӯрокӣ дастрас гардад. Аз ин рӯ роҳбарияти ноҳия кормандони бахши хоҷагии ҷангал, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии деҳоти куҳистон ва мактаббачагонро ба ин кор ҷалб кардаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






