Ифтитоҳи намоишгоҳи рассомони боистеъдод
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 26 январ дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи корҳои рассомие, ки дар асоси рӯйдодҳои воқеӣ офарида шудаанд, оғоз гардид.Асарҳои худро рассомони боистеъдоди тоҷик ва зиёиёни баландмаърифат Анна Басанова, Фаррух Қӯзиев ва ҳайати эҷодии «Хамтуалҳо» пешкаши тамошобинон гардониданд. Зӯроварии хонаводагӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, камбизоатӣ ва монанди инҳо аз мавзӯоти асосии асарҳо буданд. Корҳое, ки ба намоиш пешниҳод шудаанд, натиҷаи ҳам ба маводи назарӣ ва ҳам ба гирдоби воқеаҳои ҳақиқию шахсӣ ғӯтавар гардидани муаллифон аст, ки ҳар кадоми он дарду нуқсонҳои ҷомеаи моро ифода мекунад. Асаре бо номи «Аломатҳои пулӣ» лоиҳаи эҷодӣ ва тадқиқотии Фаррух Қӯзиев маҳсуб мешавад. Мақсади тадқиқоти мазкур аз нав офаридани асъори миллиест, ки ба ҷои шахсиятҳои барӯманди мард дар ҳар як коғази пулӣ симои занони арзандаи миллати тоҷик, чун малика Томирис, шоира Зебуннисо, инқилобгар Зайнаббибӣ, ҳунарманд Муқаддас Набиева ва дигарон таҷассум ёфтааст. Намоишгоҳ то 5 феврал идома меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






