Имтиёз- омили асосии зиёд ворид шудани гандум
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар» Зарагнез Латифова).- Дар нишасти хабарие , дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон баргузор гардид, Ҳамдам Тағоймуродов- сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзноманигорони ВАО омили асосии зиёд ворид шудани гандум ба ҷумҳуриро аз бархурдор шудани соҳибкорони ватанӣ ба имтиёзе , ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба истеҳсолкунандагони орд ва гандум дар бобати пардохти андоз аз арзиши иловашуда дар андозаи 10 фоиз додааст, вобаста донист. Зикр гардид, ки аз тарафи субъектҳои хочагидори ватанӣ 1 млн. 186 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст. Дар ҳамин давра ба ҷумҳурӣ 345,4 ҳазор тонна орд бо нархи миёнаи 368 доллари ИМА барои 1 тонна ворид шудааст. Ҳаҷми умумии бозори молии орд бо назардошти истеҳсоли худӣ 1 млн. 531, 4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






