Имтиёзи судяҳо баъди истеъфо

Январь 23, 2013 13:03

Душанбе, 23 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи ворид намудани тағйирот ба қисми чоруми моддаи 127-и лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул намуд, судяҳо ва аҳли оилаи онҳо баъди ба истеъфо ё нафақа баромадан ҳам аз хизмати тиббӣ бархурдор мегарданд. Руҳуллоҳ Ҳакимов- муовини вазири молияи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур дар назди вакилон гуфт, ки тибқи муқаррароти қисми чоруми моддаи 127 –и лоиҳаи қонуни мазкур судя ва аҳли оилаи ӯ ба хизмати тиббӣ ва табобатӣ -санитарӣ ҳуқуқ доранд, ки он барои судя аз ҳисоби маблағи буҷаи кишвар пардохт мешавад. Ин ҳуқуқ барои судя баъди ба истеъфо ё нафақа баромаданаш низ нигоҳ дошта мешавад. Муовини вазири молияи кишвар афзуд,ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани ислоҳоти иқтисодию молиявии кишвар, ки дар айни ҳол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд, таҳия гардидааст.

Январь 23, 2013 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад