Истиқболи Наврӯз бо тозакориҳо
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷашни Наврӯзи байналмилалии соли 2013 дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе 22 март дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо намоиши театрикунонидашуда истиқбол гирифта мешавад. Ин ҷашни фархунда, ки таърихи беш аз 5 ҳазорсола дорад, 21 март дар сатҳи маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт ва рӯзи 24 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ташкили мусобиқаҳои варзишӣ таҷлил мегардад. Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни Наврӯз ва ба ҷо овардани яке аз рукнҳои наврӯзӣ, ки тозакорию ободонист, 23 март дар пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ гузаронад ва дар ин рӯз дар хиёбону маҳаллаҳои пойтахт ниҳол ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки соли гузашта ҷашни Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бо иштироки сарони кишварҳои форсизабон дар сатҳи баланд истиқбол гирифта шуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






