Истихроҷи 2 тонна тилло дар Тоҷикистон
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз ҷониби корхонаҳои истихроҷи тиллои кишвар дар соли 2012 2 тоннаю 400 кг тилло истихроҷ гардид. Муассисаи асосии истихроҷкунандаи тилло ҳамоно Корхонаи муштараки тоҷикистонию чиноии «Зарафшон» боқӣ мемонад, ки зарҷӯёни он имсол 1 тоннаю 511 кг тилло истихроҷ карданд ва ин нисбат ба соли 2011 182 кг зиёд аст. Дар ҷои дуюм Корхонаи муштараки тоҷикистонию канадагии «Апрелевка» қарор дорад, ки он 442 кг 61 грамм тилло истихроҷ намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3 килограмм зиёд аст. Ҳарду корхона дар вилояти Суғд ҷойгиранд. Дар соли 2013 зарҷӯёни муассисаҳои Тоҷикистон нақша доранд, ки қариб 3 тонна тилло истихроҷ намоянд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 23 январ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ иттилоъ дод. Ҳаҷми умумии истихроҷи нуқра дар соли 2012 1 тоннаю 767 кг 92 граммро ташкил дод, ки нисбат ба соли сипаришуда 3 кг 96 зиёдтар аст. Дар нақша аст, ки имсол наздик ба 2 тонна нуқра истихроҷ гардад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва саноати ҶТ зикр кард, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2012 110,4%-ро ташкил дода, аз ҷониби тамоми муассисаҳои зерсохтори вазорат дар як сол ба андозаи 9 млрд. 797, 5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






