Истихроҷи нафту газ дар ҷумҳурӣ афзуд
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар соли 2012 дар корхонаҳою муассисаҳои соҳаи истихроҷи нафту газ ба миқдори 10788 ҳаз. м3 гази табиӣ истихроҷ гардида, он ба аҳолию корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб, қисман ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Румӣ, Сарбанд, Исфараю Конибодом интиқол дода шуд. Сехи КВД «Нафтугаз ва ангишт» истихроҷи нафтро ба 2785 тонна расонида, иҷрои нақшаро 132,6% иҷро намуд, ки ин нисбат ба нақша 685 тонна зиёд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 588 тонна зиёд истихроҷ шуд ва суръати афзоиш 126,8%-ро ташкил медиҳад. ҶММ «Салоса» дар ин муҳлати ҳисоботӣ истихроҷи нафтро ба 8025 тонна расонида, иҷрои нақшаро 25 тонна зиёд ё ин ки 100,3% таъмин намуд. Суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,2%-ро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби молӣ 5351,2 ҳазор сомонӣ, ки нисбат ба нақша 1036,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда ва нисбат ба соли гузашта 645,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҷамъият нафти вазнини истеҳсолшударо дар дохили корхона коркард мекунад ва маҳсулоти тайёр ба корхонаву ҷамъиятҳои ҷумҳурӣ фурӯхта мешавад. Чоҳҳои маҳсулотдиҳандаи ҷамъият 20 ададро ташкил медиҳанд. ҶММ «Азизӣ-1» — дар соли 2012 ба миқдори 1545 тонна нафти вазнин истихроҷ намуда, иҷрои нақшаро 118,8% таъмин намуд ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 92,2 % коҳиш ёфтааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






