Кӯмаки моддӣ ба кӯдакистон
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Бо иқдоми Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Гӯшту шир» ва як қатор корхонаҳои соҳаи коркарди гӯшту шир- ҶСП «Комбинати гӯшту консерва», Комбинати шири Душанбе, Фабрикаи шири «Саодат» ба кӯдакистони шаҳри Турсунзода кӯмаки моддӣ расониданд.Ин кӯмак аз маҳсулоти гӯшту шир, аз қабили қаймоқ, шири тоза, намудҳои гуногуни ҳасибҳо, маводи ғизоӣ, ғаллагӣ, нон ва макарон иборат мебошад. Қобили тазаккур аст, ки дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани кӯмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик мунтазам кӯмак расонида, кӯмаки навбатӣ ба кӯдакистони ноҳияи Турсунзода иқдоми иловагӣ мебошад. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






