Корхонаи коркард ва бастабандии маҳсулоти ҷангал фаъол гардид
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар соли 2012 корхонаи хурди истеҳсолии коркард ва бастабандии маҳсулоти ҷангал, аз қабили чормағзҳои навъи пекан, заминӣ, писта, бодом ва дигар маҳсулот ба истифода дода шуд. Дар ин бора муовини директори Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Мадиброн Саидов зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар дод.«Дар корхона дар айни замон 7 нафар фаъолият дошта, дар таҷҳизоти махсус ба бастабандии маҳсулоти ҷангал дар халтачаҳои полиэтиленӣ машғуланд. Сипас ин маҳсулот дар бозори дохилӣ аз тариқи нуқтаҳои савдо ва дӯконҳое, ки ба муассисаи мо тааллуқ доранд, ба фурӯш бароварда мешаванд.Дар айни замон дар кишвар 9 мағоза ва 23 дӯкони савдои муассисаи мо фаъол аст. Маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамъшударо мо барои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист дар хоҷагиҳои ҷангали мамлакат сарф менамоем»,-афзуд номбурда.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






