Кумитаи андоз: «21 ҳазор андозсупоранда ба ҷавогарии маъмурӣ кашида шуд»
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-«Нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ барои соли 2012 аз тарафи мақомоти андоз ба андозаи 105% таъмин гардида, ба ҷои 4 миллиарду 653 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷа 4 миллиарду 881 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 227,6 млн. сомонӣ зиёд аст». Дар ин бора Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов иттилоъ дод. Ба иловаи номбурда, иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва андози иҷтимоии ғайрибуҷавӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – 115%, вилояти Хатлон 102%, вилояти Суғд 103,5% ва шаҳри Душанбе 104,3% таъмин гардидааст. Мавсуф ҷорӣ намудани технологияи ҳозиразамони иттилоотиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз хонда, зикр намуд, ки миёни мақомоти андоз ва гумрук оид ба табодули маълумот ба тариқи электронӣ созишнома баста шудааст, ки ба наздикӣ амалӣ мешавад. Тавре ки зикр гардид, дар соли 2012 зиёда аз 21 ҳазор андозсупоранда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 28,5 млн. сомонӣ ҷарима ситонида шудааст ва аз ин ҳисоб ба буҷа 25 млн. сомонӣ ворид шудааст. Нусратулло Давлатов гуфт, чун соли гузашта Кодекси нави андоз дар таҳрири нав қабул гардид, аз ин рӯ аз ҷониби сохторҳои марбутаи кумита бо аҳолӣ корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ тақвият дода шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






