М. Асрорӣ: Зиёда аз 60 нафар соҳиби ҷоиза шуд
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Ҳамагӣ 1171 нафар ба муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати фарҳанг дар соли 2012 қабул шуданд. Аз ҷумла, ба шуъбаи рӯзона 883 нафар ва ба шуъбаи ғоибона 288 нафар. Нақшаи қабул ба гуруҳҳои буҷавӣ 61 нафар, ба гуруҳи шартномавӣ 6 нафар иҷро нагардид,- таъкид кард вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ 21 январ зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон. Зикр гардид, ки имсол 23 довталаб аз рӯи 8 тахассуси эҷодӣ ба мактабҳои олии Федератсияи Русия дохил шудаанд. Ҳамчунин моҳи сентябр бо иштироки устодону донишҷӯён вохӯрӣ ва 21 сентябри соли 2012 барномаи консертӣ бо номи «Навои арғунун» бо иштироки Ходими хизматнишондодаи санъати Федератсияи Русия, солист-арғунуннавози Филармонияи давлатӣ ва дотсенти факултаи санъати Донишгоҳи давлатии кишвари Олтой Будкеев Сергей Михайлович баргузор гардид. Бахшида ба Рўзи модарон дар Коллеҷи рассомӣ ба номи М.Олимов намоиши асарҳои занон ва духтарони рассом ташкил шуд. Инчунин Фестивали ҷумҳуриявии «Рассомони наврас» баргузор гардид. Дар фестивал рассомон – наврасони ноҳияву шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Рўдакӣ ва Душанбе корҳои беҳтарини хешро пешкаши тамошобинон гардонидаанд. Зиёда аз 60 нафар иштирокчии фестивал бо ҷоизаву дипломҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






