М. Маҳмадаминов: 30 нафар маъюб бо кор таъмин гардид

Январь 18, 2013 15:10

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо мақсади бо ҷои кор таъмин намудани маъюбон дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии шаҳри Душанбе» сехи дӯзандагӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ташкил шуд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов иттилоъ дод.Дар айни замон дар он 30 нафар шаҳрванди имконияташон маҳдуд бо кор таъмин шуданд, гуфт М. Маҳмадаминов.Инчунин зикр гардид, ки дар соли сипаригашта Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон» ба 648 нафар беморону маъюбон кӯмакҳои тиббию санитарӣ ва амбулаторӣ расонид. Шумораи беморони бистаришуда дар бахши табобатии муассиса ҳамагӣ 938 нафар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба 83 нафар эҳтиёҷманд зиёдтар хизмат расонида шудааст.

Январь 18, 2013 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад