Маълумотномаи нав барои муҳоҷирон
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия маводи иттилоотӣ бо унвони «Маълумотномаи мухтасар барои муҳоҷирон» таҳия ва интишор гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Намояндагии ХМ дар ФР хабар дод, дар он доир ба самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ дар ФР , аз ҷумла тартиб ва қоидаҳои будубош, фаъолияти меҳнатӣ, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, тартиби гирифтани ҳуҷҷатҳои лозимӣ, бақайдгузорӣ, иҷозатномаи кор, патент, аҳамияти гирифтани суғуртаи тиббӣ, тартиби муроҷиат ба мақомоти дахлдор дар ҳудуди Федератсияи Русия иттиллои мухтасар ҷой дода шудааст. Ба гуфти манбаъ, маълумотномаи мазкур дар доираи фаъолияти ташвиқотию тарғиботии Намояндагӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ бо забони тоҷикӣ дар шакли соддаю оммафаҳм таҳия ва нашр шуда, барои доираи васеи муҳоҷирон пешбинӣ шудааст Дар маълумотнома суроға ва рақамҳои телефонҳои шабонарӯзии Намояндагӣ дар ФР нишон дода шудааст, ки ҳар як муҳоҷир метавонад бевосита ба кормандони масъули Намояндагӣ муроҷиат намуда, доир ба ҳалли мушкилоташ кӯмак пурсад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






