Манъи фурӯши маҳсулоти муҳлатгузашта
Кӯлоб, 15 январ.(АМИТ «Ховар», С. Холов). – Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ш. Кӯлоб дар давоми 12 моҳи соли 2012 дар муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва саноати хӯрокворӣ санҷиш гузаронида, маҳсулоти муҳлаташон гузаштаро ошкор сохтанд. Аз тарафи назоратчиён 57 соҳибкор барои риоя накардани ҳолатҳои эпидемиологӣ ба маблағи 10505 сомонӣ ҷарима шуда, фаъолияти 17 иншооти хӯрокворӣ муваққатан то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта маҳдуд гардида, инчунин ҳуҷҷатҳои 7 нафар ба суди шаҳри Кӯлоб фиристода шуд. Аз тарафи масъулини марказ маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили 32 кг маҳсулоти гӯштӣ, 64 кг обҳои нӯшиданӣ ва шарбатҳо, 24 кг маҳсулоти қаннодӣ, 45 кг маҳсулоти ширӣ, 455 кг маҳсулоти кишоварзӣ, 1 тоннаю 200 кг намаки йодноккардашуда, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, аз муомилот боздошта шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






