Маркази ташхиси замонавӣ дар Кӯлоб

Январь 23, 2013 13:51

Кӯлоб, 23 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар шаҳри Кӯлоб маркази вилоятии ташхису табобатӣ кушода шуд, ки он бо тамоми таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустӣ таъмин гардидааст. Марказ дорои таҷҳизоти муосири томографияи компютерӣ мебошад, ки муоинаи дақиқи беморонро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом мерасонад. Ин таҷҳизоти тиббӣ нодир ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ангуштшумор буда, дар шаҳри Кӯлоб дар давоми ду моҳи охир тавассути ин дастгоҳ шумораи муайяни беморон дар томографияи компютерӣ аз ташхис гузаштанд. Ба маркази ташхисии тозатаъсис на танҳо сокинони Кӯлоб, инчунин аз дигар ноҳияҳои минтақа муроҷиат мекунанд. Мавриди зикр аст, ки дар айни замон дар маркази вилоятии ташхису табобатии шаҳри Кӯлоб 17 нафар мутахассис фаъолият дорад.

Январь 23, 2013 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд