Машварати корӣ дар ҳузури Оқил Оқилов

Январь 25, 2013 18:16

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба масоили омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ машваратӣ корӣ баргузор шуд. Тавре таъкид гардид, тибқи нақша ҷаласаи мазкур даҳаи дуюми моҳи феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он ҳайати Ҳукумати Федератсияи Россия бо роҳбарии муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов иштирок хоҳанд кард. Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва дигар шахсони масъулро вазифадор кард, ки ҷиҳати таҳияи рўзномаи кории ҷаласа ва омўзишу таҳлили масъалаҳои дар он баррасишаванда тадбирҳои зарурӣ андешида, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия шароити созгор фароҳам оваранд.

Январь 25, 2013 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад