Мавсими Ҳаҷ – 2013 оғоз гардид
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҳамасола барои беҳтар намудани сатҳу сифати ташкили ҳаҷ Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, то ин ки барои ҳаҷравандагон шароити беҳтари хизматрасониҳоро тақдим намояд. Имсол ба хотири сипарӣ намудани мавсими Ҳаҷ-2013 Кумита тасмим гирифтааст,ки қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагонро нисбат ба соли гузашта барвақттар ба роҳ монад, то ин ки зоирин фурсати бештаре дошта бошанд,ки барои ҷо ба ҷо намудани ҳуҷҷатҳои худ ва супоридани онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии шаҳру вилоятҳо сари вақт омодагӣ гиранд. Қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон аз нимаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, то охири моҳи феврал идома меёбад ва на дертар аз 10 –уми моҳи март ҳуҷҷатҳои зоирин ба Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Бояд зикр намуд, ки ҳаҷравандагон тибқи навбат имконияти ба ҳаҷ рафтанро доранд ва нафарони ҳуҷҷатсупоранда дар сурати кофӣ набудани ҳиссаи шаҳр ва ё ноҳияи худ метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро барои солҳои оянда дар навбат гузоранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






