«МегаФон»- алоқаи боэътимод барои беш аз 1 800 000 муштарӣ!
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар соли 2012 ширкати «МегаФон» аз рӯйи суръати сохтмони истгоҳҳои базавӣ ва рушди шабакаи хусусии фурӯш дар ҳудуди Тоҷикистон натиҷаҳои рекордиро нишон дод. Тибқи натиҷаҳои соли 2012 шабакаи хусусии фурӯши оператор то ба 3 маротиба васеъ шудааст. Ин ҳатто ба муштариёни сокини гӯшаҳои дурдасттарини кишвар имкон дод, ки аз хизматрасониҳои боэътимоди алоқаи «МегаФон» истифода намоянд. Барои мизоҷони корпоративӣ ширкат марказҳои муосири хизматрасониро дар се шаҳри бузург- Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа ифтитоҳ намуд. Дар давоми соли 2012 «МегаФон» доираи хизматрасониҳои худро барои муштариён васеъ намуда, хизматгузориҳои қулай ва ҳангоми пайвастшавӣ ва истифодабарӣ соддаро пешниҳод намуд. Ин иқдом аз ҷониби муштариёни ширкат баҳои баланд гирифт. «Дар соли гузашта мо пайваста ба ҳалли масъалаи вобаста ба боэътимод гардонидани алоқа ва босифату қулай намудани хизматгузориҳо барои муштариён машғул будем. Дар давоми соли 2012 «МегаФон» ба таври назаррас шабакаи хусусии фурӯшро васеъ намуда, дар айни замон масофа аз худи нуқтаи ғарбии фурӯши мо то нуқтаи шарқӣ беш аз 650 км-ро ташкил медиҳад. Хуллас беш аз 1 млн. 800 ҳазор сокинони кишвар муштариёни мо ба ҳисоб мераванд», — мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Андрей Шишковский.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






