ММД-36 млрд. сомонӣ
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). –Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригардида маҳсулоти умумии дохилии истеҳсолшуда 36 млрд. 161 млн. сомониро ташкил дод.Тавре ки аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар соли 2012 ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ ба андозаи 101,7 фоизи нақшаи муайяншудаи солона иҷро шуд.Ҳамчунин воридоти андозҳо 75 фоизи ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷаи давлатӣ ба андозаи 95,2 фоизи нақшаи солона иҷро шудааст.Инчунин дар соли 2012 дар соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ 30,6 фоиз, дар иқтисодиёт (бо назардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгзорӣ) 23,3 фоиз, ба суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ 21,4 фоизи ҷамъи маблағҳо сарф шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






