«Монолит-2011» Қасри фарҳанг месозад
Ҳисор, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар маркази шаҳраки Ҳисор сохтмони Қасри боҳашамати фарҳанг барои 700 ҷои нишаст оғоз гардид. Сохтмони биноро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Монолит-2011» ба уҳда доранд. Тибқи нақша то ҷашни 3 000-солагии Ҳисор ғайр аз таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо, сохтмони биноҳои маъмурию истиқоматӣ боз маҷмааи варзишӣ барои 20 ҳазор ҷои нишаст дар масоҳати 16 гектар, боғи фарҳангӣ бо чойхонаи миллӣ дар масоҳати 20 гектар, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 нафар хонанда, литсей-интернат барои 250 толибилм ва бозори масолеҳи сохтмонӣ дар масоҳати 18 гектар, китобхона ва осорхона сохта хоҳад шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






