Муаррифӣ: «Эмил ва ё дар бораи тарбият»
Душанбе, 16. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, 17 январи соли равон дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии китоби маорифпарвари Фаронса Жан Жак Руссо «Эмил ва ё дар бораи тарбият» бо ширкати донишмандон ва олимони шинохта баргузор мегардад. Китоби мазкур аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, бо ташаббуси академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова ва профессор Сафар Сулаймонӣ ба табъ расидааст. Жан Жак Руссо (1712-1778) яке аз бузургтарин мутафаккирони олами илми маърифат маҳсуб мешавад. Ақидаҳои ин марди бузург ҷаҳонбинии илмиро чунон таконе додаанд, ки осори он ҳанӯз боқист. Ҳар рӯз дар мактуботи ӯ матолиби ҷадиде кашф мешавад, ки пешбинии ӯро дар масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ собит мекунад. Шояд рӯзе бирасад, ки баъзе аз фарзияҳои вай, ки акнун печида ё ғалат ба назар мерасанд, равшан шавад ё таъйид гардад. Метавон гуфт, аз тамоми файласуфони қарни ҳаждаҳум Руссо ба мо наздиктар аст, яъне афкори ӯ бештар бо афкори мардуми қарни бисту якум ҳамоҳангӣ дорад. Китоби мазкур аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар чопхонаи «Контраст» ба табъ расидааст. Китоб барои муаллимон, муҳаққиқон ва онҳое, ки ба кори таълиму тарбият машғул мебошанд, дастовез ва армуғони хубест барои такмили «Барномаи миллии рушди таҳсилот».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






