Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе сафир Ивар Виккиро бо сабаби ба итмом расидани муҳлати хидматаш ба ҳузур пазируфт.Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамрохон Зарифӣ ба сафир Ивар Викки барoи саҳмаш дар густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА изҳори сипос намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати берунии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






