Мулоқоти Э.Раҳмон бо Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си Си Ю

Январь 22, 2013 12:44

Душанбе, 22 январ (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Си Си Юро ба ҳузур пазируфт.Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои судбахш баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 15 соли ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои дастгирии пешрафти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон наздики 1 миллиард доллари амрикоӣ маблағҳои қарзи имтиёзӣ, грант ва кумаки техникӣ ҷудо шудааст. Ғайр аз ин дар солҳои 2013-2014 барои беҳсозии роҳҳо, шабакаҳои барқӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавӣ наздики 140 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо мегардад.Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш ҳанӯз зиёд аст. Аз ин хотир ҳарду ҷониб ба рушди бештар ва тавсиаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии энергетикиву нақлиётӣ доир ба бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ, навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, ҳавасмандии худро таъкид намуданд. Тавре таъкид гардид, дастгирии рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ бахши муҳими ҳамкорӣ хоҳад буд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд, ки барои солҳои 2014-2018 таҳия мегардад, дар баробари рушди энергетика, нақлиёт ва бахши хусусӣ, шояд тадбирҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ низ пешбинӣ гарданд.Дар вохӯрӣ, ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
 
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоиро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «president.tj» дастрас намоед.

Январь 22, 2013 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад